Мулоқоти раиси шаҳри Хуҷанд бо консули генералии Русия

Октябрь 24, 2014 10:45

Душанбе, 24.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко дирӯз мулоқот намуд. 
Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, зимни мулоқот Раҷаббой Аҳмадзода оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр маълумот дода, захираю имкониятҳои мавҷудаи шаҳри Хуҷандро дар самти саноати сабук, коркарди мева, табодули таҷрибаи соҳибкорон, зикр дошт. 
Таъсиси корхонаи муштараки коркарди мева дар заминаи коргоҳи консервабарории шаҳри Хуҷанд чун яке аз имкониятҳои фаврӣ ва афзалиятноки таҳкимбахшандаи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо дар мавриди андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт ба мувофиқа расиданд.
«Баъди омӯзиши вазъи тараққиёт ва имкониятҳои шаҳри Хуҷанд ман эътимоди қавӣ пайдо кардам, ки равобити Хуҷанд бо корхонаю муассисаҳои Федератсияи Русия намунаи ҳамкорӣ барои дигарон хоҳад буд» -таъкид намуд консули генералӣ.

Октябрь 24, 2014 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад