Мулоқоти С.Аслов бо Вилҳелм Молтерер

Октябрь 21, 2014 12:07

 
Душанбе, 21.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- 20 октябри соли 2014 дар шаҳри Люксембург вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер вохӯрӣ доир намуд. Бо баррасии сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Бонки сармоягузории Аврупо, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, то ҳамкории мутақобилан судмандро бо мақсади коркард ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳое, ки барои иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа доранд, ба роҳ монанд.
Бино бар иттилоои  Бонки сармоягузории Аврупо, Шӯрои директорони Бонк моҳи сентябр соли ҷорӣ қарор дар бораи ҷудо намудани 70 миллион евро қарзи дарозмуддат ба Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаи CASA-1000-ро қабул кард.
Бояд зикр кард, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки сармоягузории Аврупо аз замони баимзорасии Созишномаи ҳамкорӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Бонк Филипп Мейштад дар соли 2009 оғоз ёфт.

 

Октябрь 21, 2014 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад