Мулоқоти Ш.Саид бо Ҷ.Лиф

Октябрь 1, 2014 12:15

Душанбе, 01.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – 30  сентябр  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқоти  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  шариф  Саид  бо  роҳбари  лоиҳаи USAID оид ба  савдо ва  мусоидат  ба  Афғонистон  дар  Тоҷикистон  хонум Ҷули Лиф ва  мутахассиси   бахши  тиҷорати  лоиҳа  Камолиддинов Парвиз  сурат  гирифт. Дар  ин  бора  аз  ПСС ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.
Ҷонибҳо  масъалаи имзои  минбаъдаи   созишномаи  чорҷониба  дар  бораи  ҳамкорӣ  дар  бахши  тиҷорати байни  палатаҳои  савдо  ва  саноати Тоҷикистон, Қирғизистон,  Афғонистон  ва федератсияи Палатаи  савдо ва  саноати  Покистонро  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
Ҷули  Лиф   зикр  намуд, ки  яке  аз  вазифаҳои  асосии  лоиҳаи USAID иборат  аз  мусоидат ба  рушди  равобити  тиҷоратию  иқтисодии байналмилалӣ  дар  Осиёи  Марказӣ ва  афзун  намудани  иқтидори  содиротии  минтақа  аст. 
Шариф  Саид  омодагии  худро  ба   дастгирии  рушду  таҳкими  ҳамкорӣ ва нақшаи  таъсис  додани Шӯрои  муштараки  миёни палатаҳои   савдо  ва  саноати  кишварҳои  зикршуда  иброз  дошт.

Октябрь 1, 2014 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад