Муъминобод: Машварат барои гулпарварон
Муъминобод, 28.10.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол). — Дирӯз дар ноҳияи Муъминобод дар мавзӯи «Гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишӣ» машварат доир гардид. Мақсад аз гузаронидани машварат ҳар чи бештар таъсис додани гармхона барои гулҳои мавсимӣ ва афзоиш додани шумораи дарахтони ороишӣ ва бо ин васила таъмини ташкилоту муассисаҳо бо гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишӣ буд. Дар семинар намояндагон тарзи парвариши чанд навъи тухми гул ва дарахтони ороиширо дар гармхонаҳо фаҳмониданд. Зикр шуд, ки миқдори гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишиеро, ки зеби марказ ва гулгаштҳои ноҳияҳоянд, бештар намоянд. Мавриди зикр аст, ки дар айни ҳол дар ноҳияи Муъминобод аз ҷониби корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия беш аз 12 навъи гулҳои мавсимӣ парвариш ёфта ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро бо гулҳои мавсимӣ таъмин намудааст.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






