Мутобиқгардонии қонунгузорӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ

Октябрь 10, 2014 10:27

   Душанбе, 10.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Палатаи поёнии  Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳурӣ  ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона» (ломбард) иловаҳо ворид намуд.
             Юсуфиён Ҷамшед-муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон  дар назди вакилон гуфт, ки   қабули ин лоиҳаи қонун  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки низоми маълумотдиҳии ташкилотҳои ломбардӣ тибқи меъёрҳои  ҷаҳонӣ  ба таври зарурӣ гузаронида шавад.    
              Мавсуф афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз соли 2004 аъзои Гурӯҳи авруосиёии татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул буда, дар ин самт  қонуни соҳавиро қабул намуд. Инчунин кишвари мо як силсила санадҳои қонунгузории худро ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидааст. Гурӯҳи авруосиёӣ -яке аз созмонҳои минтақавии гурӯҳи  татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо шустани пул буда, фаъолияти худро барои ҳамоҳанг намудани низоми муқовимат ба қонунигардонии маблағҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд ва маблағгузории терроризм равона кардааст. 
        Ҷ. Юсуфиён афзуд, ки дар  айни замон барои баланд бардоштани мақоми байналмилалии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ин соҳа нақшаи ҷорабиниҳо оид ба мутобиқ гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Аз ин рӯ,  лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои банди 5-уми ин нақша таҳия шуда,  бо назардошти пешниҳодҳои байналмилалӣ ва муқаррароти созишномаҳои байнидавлатӣ омода шудааст.

Октябрь 10, 2014 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад