Нахустин ҳамоиши иқтисодию сармоягузорӣ дар Душанбе

Октябрь 15, 2014 09:32

       Душанбе,15.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз  дар Душанбе нахустин Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ- муҳаррики иқтисодиёт» баргузор мегардад.
        Форуми мазкур тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ  30 майи соли равон садо дода буд, гузаронида мешавад.
       Аз котиботи  Шӯрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи Форуми иқтисодию сармоягузорӣ рушду тавсеаи соҳибкорӣ,  сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  ва соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
     Интизор меравад, ки дар форум роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, сармоягузорон ва соҳибкорони ватанию бурунмарзӣ, роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалию молиявӣ иштирок намоянд. 
 

Октябрь 15, 2014 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд