Нобиноён дастгирӣ меёбанд

Октябрь 15, 2014 14:47

  Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).- Бахшида ба рӯзи байналмилалии нобиноён имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Асои сафед» баргузор гардид, ки дар он намояндагони ташкилот, ҳокимияти иҷроияи ноҳияи Сино ва нобиноёни  шаҳри Душанбе  иштирок доштанд.
        Ба иттилои Турбек Давлатов- раиси Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи «Асои сафед» ҳамчун рӯзи нобиноён дар тамоми манотиқи кишвар таҷлил гардида, баҳри дастгирии ин қишри ҷомеа кумакҳои зиёди молиявӣ ироа гардиданд. Аз ҷумла, роҳбарияти вилояти Суғд дар ин рӯз ба миқдори 135 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ  барои нобиноёни гурӯҳи аввали ин вилоят ва раиси ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ барои нобиноёни шаҳри мазкур маблағ ҷудо намуданд. Турбек  Давлатов иброз дошт, барои гузаронидани чорабинии рӯзи «Асои сафед» дар шаҳри  Душанбе аз ҷониби роҳбарияти ноҳияи Сино ба миқдори 3310 сомонӣ ва намояндагии ширкати «Кю-нет» дар Тоҷикистон ба миқдори 3000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
   Рӯзи байналмилалии нобиноён бо хулосаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  шурӯъ аз соли 1948  ҳамасола 13 ноябр таҷлил гардида,дар Тоҷикистон ин рӯз аз соли 1994 ҷашн  гирифта  мешавад.

Октябрь 15, 2014 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад