Омӯзиши биологии 102 навъи зироати кишоварзӣ

Октябрь 20, 2014 12:03

Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттиолоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар “Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ” доир ба 6 номгӯй зироати ғалладонагӣ, лӯбиёдонагиҳо, хӯроки чорво, растаниҳои равғандиҳанда, техникӣ ва дарахтони мевадиҳанда гирифта шуд.
Коллексияҳои навъҳои зироатҳои кишоварзии маҳаллӣ ва интродуксияшуда ба 11171 навъ расонида шуда, омӯзиши биологии 102 навъу намунаи зироатҳои кишоварзӣ идома дорад.
Дар қитъаи таҷрибавии Марказ 16 навъу намунаи зироатҳои лӯбиёдонаҳои маҳаллӣ ва 20 намунаи боқилои маҳаллӣ баъди 11-12 соли дар захирагоҳ нигоҳ доштан таҷдиду барқарор шудаанд, ки иқтидори пурраи сабзиши онҳо 85-96%-ро ташкил дод.
Дар хоҷагии деҳқонии “Камол”-и ноҳияи Шуғнон, дар баландии 3200м аз сатҳи баҳр таҳқиқоти экологӣ доир ба мутобиқшавии навъу намунаи арзанҳои маҳаллию  африқоӣ дар 20 га кишт гузаронида шуда, ҳоло растаниҳо дар давраи ширабандию пухтан қарор доранд.
Бори аввал омӯзиши хусусияти биологии 278 номгӯи навъу намунаҳои ҷойҷуворӣ, зироатҳои лӯбиёдонагиҳои маҳаллию хориҷӣ ва арзан гузаронида, қобилияти хуби ҳосилнокии онҳо муайян карда шуд.
Барои ғанӣ гардонидани захирагоҳи Марказ 1,5 кг тухмии карами сафеди дерраси “Душанбегӣ”, 1 кг тухмии турби навъи “Марғелонӣ” ва 1кг тухми шалғами навъи “Петровий” истеҳсол  шуд. 
Дар ин бора аз Академияи илмҳои кишоварзӣ хабар доданд.
 
 

Октябрь 20, 2014 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад