Омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон

Октябрь 28, 2014 12:10

 Душанбе, 28.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 27 октябри соли 2014 дар  Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ семинар дар мавзўи «Омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷа» ба кори худ оғоз кард.
  Дар семинар кормандони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои хадамот  ширкат намуданд.
  Семинари мазкур бо иқдоми роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Хадамоти муҳоҷират ва бо дастгирии намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD) барпо мегардад.
Бино ба иттилои шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи хадамот, ҳадаф аз баргузории семинар- ин омўзонидани кормандони навтаъйини Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  бо мақсади омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мебошад.
 Дар кори семинар намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Акрам Муҳаммадқулов, сармутахассиси Вазорати меҳнат, оила ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Руминия Аураш Маринеску, директори маркази тадқиқоти муҳоҷиратии Федератсияи Русия Дмитрий Полетаев сухан гуфтанд.  
  Семинар 28 октябр низ идома ёфта, дар фарҷом ба иштирокчиён шаҳодатнома супорида мешавад.
 
 

Октябрь 28, 2014 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад