«Овози тоҷик»- садои озод дар паҳнои ҷаҳон
Душанбе, 23.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон «Овози тоҷик» пайғомрасони сулҳу ваҳдат ва садои озоди тоҷикон дар паҳнои олам арзёбӣ гардид. Ин матлаб зимни маҳфили тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 65-умин солгарди шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик», ки шоми 22 октябр дар «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт бо ҳузури кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, рӯзноманигорон-собиқадорони шабакаи мазкур ва аҳли илму ҳунар, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон доир гардид, садо дод.
Саидалӣ Сиддиқов-муовини аввали раиси Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷашни 65-умин солгарди таъсиси шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон- «Овози тоҷик»-ро ба кулли кормандону сомеони он аз номи роҳбарияти кумита шодбош гуфта, ба аҳли кормандони шабака саломатӣ ва комёбӣ таманно намуд. Мавсуф нақши шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон — «Овози тоҷик»-ро дар тарғиби сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва тақвияти пояҳои давлатдории тоҷикон муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамзамон дар маҳфили ҷашнӣ яке аз собиқадорони шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик», рӯзноманигори шинохта Раҷабалӣ Қудратов, ки тӯли 50 сол дар ин даргоҳ фаъолият намуда ва муддати 30 сол сармуҳаррири ин шабака буд, аз таърихи таъсиси шабакаи мазкур ёдовар шуд. Раҷабалӣ Қудратов гуфт, ки шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон 16 октябри соли 1949 бо ибтикор ва дастгирии академик, Қаҳрамони миллат Бобоҷон Ғафуров созмон дода шуд. Ҳадаф аз таъсиси шабакаи бурунмарзӣ дар мисоли Тоҷикистон тарғиби сиёсати дохилӣ ва хориҷии собиқ Итиҳоди Шӯравӣ ва дастовардҳои ҷомеаи сотсиалистӣ дар замони ҷанги сард буд. Он солҳо ҳаҷми барномаҳо аз ду соат иборат буда, асосан ба забонҳои форсӣ ва дарӣ шунавонда мешуданд. Солҳои минбаъда, яъне пас аз солҳои 60-уми асри гузашта ҳаҷми барномаҳо ба чаҳор соат расонида шуд. Нахустин сармуҳаррири шабакаи бурунмарзӣ сардори раёсати онвақтаи умури хориҷии ҷумҳурӣ Мӯҳсин Нӯъмонов буд. Дар солҳои аввали таъсиси идораи барномаҳои хориҷӣ адибону олимон ва рӯзноманигорони варзида, амсоли Шарифҷон Ҳусейзода, Абдуқодир Маниёзов, Файзулло Ансорӣ, Файз Урозов, Қодир Наимӣ, Қосим Дайнамӣ, Маҳмуд Тӯробӣ, Иброҳим Умарзода, Амирбек Кучакбеков, Қозӣ Махсум, Нусратшо Таваллоев, Субҳон Раҳматов, Бурҳон Раҳмонов, Лайло Шарифӣ, Туронхонум Қазвинӣ, Зевари Қандил, Иронгул Саидова, Абдуқаҳҳор Халилов ва бисёр дигарон адои вазифа намудаанд. Дар он айём яке аз воситаҳои асосии муаррифии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Хусусан шавқу рағбати шунавандагон аз Эрон ва Афғонистон ба гуфторҳои шабакаи бурунмарзӣ зиёд буд. Номаҳои сершуморе, ки аз шунавандагони ин кишварҳо меомаданд, гувоҳи он буданд, ки онҳо ба забон, адабиёт, таърих, илму фарҳанг ва рӯзгори мардуми тоҷик таваҷҷуҳи зиёд доранд, -таъкид кард собиқадори шабака Раҷабалӣ Қудратов.
Инчунин дар маҳфил профессор Абдувоҳид Шамолов доир ба нақши шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон -«Овози тоҷик» дар солҳои муқовиматҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, хусусан дар бозгардонидани гурезаҳо аз Афғонистон ба ватан ва тақвияти пояҳои давлатдорӣ, сулҳу субот, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба кишварҳои хориҷӣ сухан карда, онро бориз арзёбӣ намуд.
Дар соли 2007 номи шабакаи барномаҳои бурунмарзии радиои Тоҷикистон «Овози тоҷик»-ро гирифт. Алҳол шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон- «Овози тоҷик» бо ҳашт забон — тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, арабӣ, ҳиндӣ ба таври мустақим ва шабонарӯзӣ барномаю гуфторҳо омода ва пахш месозад. Дар айни замон дар шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон «Овози тоҷик» беш аз 40 нафар рӯзноманигору корманди техникӣ фаъолият дошта, шабака бо технологияи муосири рақамӣ таҷҳизонида шудааст.
Нақши шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик» дар муаррифии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ калон буда, мазмуну мӯҳтавои барномаҳои таҳиянамудаи муҳаррирони ин шабака инъикосгари сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷист. Инчунин муҳаррирони шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик» вобаста ба масоили марбут ба ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ, бахшҳои иқтисод, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ гуфтору барномаҳо таҳия ва омода намуда, пешкаши сомеони худ мегардонанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳайати эҷодии шабакаи бурнмарзии «Овози тоҷик» бобати истиқбол аз ин санаи фархунда- ҷашни 65-умин солгарди таъсиси «Овози тоҷик» барномаи рангини адабию ҳунариро таҳия карда, пешкаши иштирокдорони маҳфил гардониданд. Хусусан муаррифии таърихи таъсис ва дастоварду фаъолияти феълии шабакаи мазкур бо ҳашт забон- тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, арабӣ, ҳиндӣ аз сӯи ҳайати эҷодии бахшҳои шабака ва бо ҳашт забон тараннум гардидани суруду мусиқӣ аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи тоҷик хеле самимӣ буда, мақбули аҳли нишаст гардид ва ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид.