Парлумон лоиҳаи қонуни авфро баррасӣ кард

Октябрь 20, 2014 14:28

Душанбе, 20.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласае, ки  20 октбяр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро баррасӣ карданд. 
   Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» 20 октябр аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ ҷиҳати баррасӣ ва қабул ба палатаи поёнии Парлумони мамлакат -Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд. Лоиҳаи қонун дар рӯҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи ҷашни 20-солагии қабули Конститутсия (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои  баррасию қабул ба Парлумон ироа гардидааст.
        Бояд тазаккур дод, ки Парлумони Тоҷикистон дар соли 2011 ба ифтихори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни  авфро қабул намуд. Он вақт аз муассисаҳои ислоҳии кишвар беш аз 4 ҳазору 300 нафар маҳбус ба озодӣ баромад, ки аз байни онҳо 196 нафараш зан ва 153 нафари дигарро ноболиғ ташкил дод. Инчунин муҳлати иҷрои ҷазои  наздик ба 5 ҳазор нафар маҳбус кам карда шуд.  Тибқи омори Вазорати адлияи кишвар алҳол дар ҷумҳурӣ 17 муассисаи ислоҳӣ мавҷуд буда, дар онҳо беш аз даҳ ҳазор нафар маҳбус нигоҳ дошта мешавад.
 

Октябрь 20, 2014 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад