Пешниҳоди Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ

Октябрь 23, 2014 15:40

   Душанбе, 23.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Масоили  ҳимояи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Русия зимни мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо муовини аввали раиси Ҳукумати Русия Игор Шувалов дар Маскав матраҳ гардиданд.
Дар мулоқот, ки бо иштироки васеи ҳайати Тоҷикистон сурат гирифт, ҳамзамон масъалаҳои содда кардани низоми имтиҳонсупории муҳоҷирони меҳнатӣ ва дар ҳудуди Тоҷикистон кушодани бахши сохторҳои Хадамоти Федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия барои қабули имтиҳон, дар лоиҳаи нави қонуни дахлдори Русия оид ба муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ намудани масъулияти корфармоён нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.
              Ҳамзамон мусоҳибон масъалаҳои вобаста ба ташкили марказҳои муосири логистикӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодии  байниминтақавиро муҳокима карданд.
 Дар фарҷом пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон барои баррасии Ҳукумати Федератсияи Русия қабул  шуданд, ки то ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия  ба таври касбӣ омӯхта шаванд. Бо ин мақсад гурӯҳҳои корӣ созмон дода шуданд.
 

Октябрь 23, 2014 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад