Раиси шаҳри Душанбе ёвар меҷӯяд

Октябрь 21, 2014 11:31

Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат). – Дар  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Душанбе озмуни  қаблан  эълоншуда барои таъйинот ба  ҷойи  холии  вазифаи ёвари  раиси  пойтахт М.Убайдуллоев, ки то  10  ноябри  соли  равон  идома  меёбад,  давом  дорад.
Дар   хабари   сомонаи  расмии   шаҳрдории  Душанбе  гуфта  мешавад, ки  барои ишғол  намудани  вазифаҳои  роҳбари  шуъбаи  саноат  ва  энергетика,  сармутахассисони  шуъбаи  кадрҳо,  рушди  иҷтимоӣ ва  равобити  ҷамъиятӣ,  нақлиёт,  хадамоти   роҳҳо,  шуъбаи  коммуналӣ, мутахассисони пешбурди  шуъбаҳои ташкилӣ ва  сохтмони   дастгоҳи  раиси  шаҳри  Душанбе ва  бархе  мутахассисони  дигари  сохторҳои  мухталифи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатӣ низ  озмун  эълон  шудааст. 
Назар ба  хабари  сомонаи раёсати  пойтахт,  натиҷаи озмун  на  дертар  аз  13  ноябр  эълон  мешавад.

Октябрь 21, 2014 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд