«Ренесанс – констракшн» ба сохтмончиёни тоҷик эҳтиёҷ дорад

Октябрь 17, 2014 12:26

Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ). – Ширкати  сохтмонии «Ренесанс – констракшн»  омода  аст, ки  мутахассисони  тоҷикро  ба  бунёди иншоотҳои  нави  шаҳри  Новосибирск ҷалб  намояд. 
Дар  ин  бора директори генералии  ширкати  мазкур Аҳмад Таракай зимни  мулоқот  бо  корманди Намояндагии  Вазорати  меҳнат  ва  шуғли  аҳолии  ҶТ  дар  ФР  хабар  дод. 
Ба  гуфтаи роҳбари  ширкати  сохтмонӣ,  ҳоло қариб  300  нафар  муҳоҷирони  меҳнатии  Тоҷикистон  дар  иншоотҳои  сохтмонӣ  фаъолият  доранд.  Ҳамаи онҳо мутобиқи  талабҳои  қонунгузории  федералӣ   кор карда,  бо  шароити  хуби  меҳнату  маишат таъминанд.
Корманди   намояндагӣ  ҳамчунин   зимни  вохӯриаш  бо  сохтмончиёни тоҷик  аз   навигариҳои қонунгузории  Русия дар  бахши  муҳоҷират, ки  дар  оғози   соли  нав ба  мавқеи  иҷро  мерасанд, хабар  дод. Муҳоҷирони  меҳнатии тоҷик дар  ҷараёни  суҳбат   зикр  намуданд, ки  аз  шароити  кор  розианд ва  дар  боби  пардохти  маошашон ягон  душворӣ  надоранд.
Дар  ин  бора  аз  маркази  матбуоти Намояндагии  Хадамоти  муҳоҷирати  ҶТ  дар  ФР  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.

Октябрь 17, 2014 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад