Рушди ҳамкорӣ дар бахши маориф

Октябрь 8, 2014 12:21

Минск, 08.10.2014. (АМИТ «Ховар»). – Чанде  пеш  дар  шаҳри  Душанбе мулоқоти  намояндагони вазоратҳои  маориф ва  роҳбарони донишкадаҳои  олии  ду  кишвари  иштироккунандаи Анҷумани Ш  муаллимон ва   кормандони соҳаи  маорифи ИДМ, ки дар  шаҳри  Минск  баргузор  шуда буд,  доир  гардид. 
Тавре  ки сафорати  Тоҷикистон  дар  Беларус  хабар  медиҳад,  сафири  Тоҷикистон  дар  Беларус  Қозидавлат  Қоимдодов  зимни  суханрониаш  дар  ҳузури  иштирокдорони  мулоқот зикр  намуд, ки аҷдодони тоҷикон ҳамеша барои пайдо  намудани илму  дониш саъю  кӯшиш мекарданд. Ин  анъана  имрӯз  ҳам идома дорад. Ба  гуфтаи  мавсуф,  солҳои  охир теъдоди донишҷӯёни тоҷик  дар  донишкадаҳои олии  Беларус бемайлон   зиёд  мешавад. «Дар  ин  маврид саъю  кӯшишҳои  Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ва  Президенти Беларус  Александр  Лукашенко, ки   ба   ҳамкории ҳар  ду  кишвар  дар  соҳаи  маориф таваҷҷуҳи  хоса  зоҳир  менамоянд, шоёни таҳсинанд», — гуфт сафир.
Мувофиқи  суханони  дипломати тоҷик, қариб 300  нафар  донишҷӯёни тоҷик  дар  17 донишкадаи  олии  Беларус  таҳсил  мекунанд.
Муовини  аввали  вазири  маорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Р.Мирбобоев изҳор  дошт, ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба қабули донишҷӯёни  Беларус  барои таҳсил  дар донишкадаҳои олии Тоҷикистон  аз  рӯи  ихтисоси  шарқшиносӣ  омодааст.

Октябрь 8, 2014 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад