Рушди ҳамкориҳои зистмуҳитӣ дар ҳавзаи дарёи Омӯ

Октябрь 27, 2014 14:30

Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-Рӯзҳои 23-24 октябри соли 2014 вохӯрии дуюми аъзои гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳавзаи дарёи Панҷ-Омӯ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Мақсади вохӯрӣ баррасӣ намудани корҳои анҷомдодаи гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти экспедитсияҳои гузаронидашуда дар минтақаҳои наздисарҳадии ҳавзаи дарёи      Панҷ-Омӯ мебошад.
23 октябр фаъолиятҳое, ки дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуданд, баррасӣ гардиданд. Инчунин натиҷаи  экспедитсияи якум ва дуюм, ки бо иштироки гурӯҳи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи дарёи мазкур гузаронида шуд, муҳокима гардид. Коршиносони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба фаъолиятҳои мониторинги гидрологие, ки дар ҳавзаи дарёи Панҷ-Омӯ мегузаронанд, маълумот пешниҳод намуданд. 
24 октябр  нақшаи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2015-2016 оид ба мониторинги гидрологӣ ва ҳифзи муҳити зист бо иштироки коршиносони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва муҳокимаи масъалаҳои вохӯрии ояндаи дутарафа, ки 24-25 ноябри соли 2014 ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ шуд.  
 
 
 
 
 
 
 
 

Октябрь 27, 2014 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад