Русия — Тоҷикистон : неруи ҳамкории байниминтақавӣ

Октябрь 20, 2014 15:16

Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ). — 23 ва  24  октябр дар  шаҳри  Маскав   конфронси  Ш оид ба  ҳамкории  байниминтақавии Русияю  Тоҷикистон  ва Форуми  1У  байнипарлумонии   «Русия — Тоҷикистон: неруи  ҳамкории байниминтақавӣ» баргузор  мегардад.
Иштироки  намояндагони  минтақаҳои Федератсияи  Русия  ва  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  аъзои  Шӯрои  Федератсия, вакилони  Думаи давлатии  федералии  ФР, вакилони  парлумони Тоҷикистон,  намояндагони  вазорату  идораҳо, ҳамчунин роҳбарони иттиҳодиҳои фарҳанги  миллии ҷамоаи  тоҷикон аз минтақаҳои  мухталифи  Русия  дар назар  аст.
Дар ҳошияи  конфронс  ва  форум намоишгоҳи дастовардҳои минтақаҳои  Федератсияи  Русия  ва  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мизҳои  мудаввар аз рӯи  самтҳои  мухталифи  ҳамкории байнидавлатӣ дар  мавзӯи «Татбиқи лоиҳаҳои  муштараки  инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ. Баланд  бардоштани  мақоми  соҳибкории  хурду  миёна»,  «Рушди ҳамкории  Русия  ва  Тоҷикистон  дар  бахши  кишоварзӣ», «Вазъ ва танзими  ҳуқуқии  равандҳои муҳоҷирати  меҳнатии байни Русия ва  Тоҷикистон» ва «Самтҳои ояндадори рушди  равобити  гуманитарии Русия  ва  Тоҷикистон» доир  карда  мешаванд.
Дар  ин  бора   раиси  Созмони ҷамъиятии  минтақавии «Конгресси  халқҳои  форсизабон» — и  шаҳри Нижний  Новгороди  Федератсияи  Русия Эраҷ Боев ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод.
 
 

Октябрь 20, 2014 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад