С. Хайруллоев аз Боку баргашт

Октябрь 14, 2014 16:29

Душанбе, 14.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) Сайдулло Хайруллоев аз Озарбойҷон баргашт. Мавсуф дар чаҳорумин Форуми байналмилалии гуманитарӣ, ки ба масъалаи ҷаҳонишавӣ ва мушкилоти вобаста ба он ва дигар хатарҳои қарни 21 бахшида шуда буд, ширкат дошт.
     Аз Ҷамъияти дӯстӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш сиёсатмадорон, коршиносони бахшҳои мухталиф,  намояндагони илму фарҳанг ва шахсиятҳои шинохта аз 62 кишвари дунё ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.
Дар яке аз мизҳои мудаввари ҳамоиши мазкур, ки ба масъалаи пешрафти соҳаҳои гуногуни илму техника ва фарҳанг бахшида шуда буд, намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Амрико, Русия, Руминия, Туркия, Британияи Кабир, Австрия сухан гуфтанд.
       Дар доираи баргузории ҳамоиш иштирокчиёни он аз шаҳрҳои таърихии Озарбойҷон, назири Ганҷа ва Нахҷувон боздид намуда, ёдгориҳои бостонии шаҳрҳои қадимии  ин кишварро тамошо карданд. 
 

Октябрь 14, 2014 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад