Саҳми дружиначиён дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ

Октябрь 10, 2014 11:20

Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Чанд сол аст, ки дар шаҳри Хуҷанд гурӯҳи дружиначиёни ихтиёрӣ амал мекунад, ки он дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ фаъолият мебарад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо  кормандони масъули шуъбаи корҳои дохилӣ, дружиначиён ва варзишгарон дар мавриди аҳамияти фаъолияти дружиначиён дар таъмини оромӣ ва нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ таъкид намуда гуфт, ки минбаъд чунин мулоқот бо ҳайати мазкур дар се моҳ як маротиба баргузор гардида, ихтиёриёни фаъол ҳатман қадрдонӣ мешаванд.
Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов маълумот дод, ки ҳоло дар маркази вилоят зиёда аз 1270 нафар аз корхонаю ташкилот, муассисаҳои таълимӣ дар сафи дружиначиёни халқӣ буда, барои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ навбатдорӣ менамоянд. Танҳо дар соли равон дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия 313 ҷинояти гуногун ошкор шуд. Онҳо барои муқаррар намудани шахсияти 154 нафар шаҳрванд ва барои қайди 63 нафар нашъаманд мусоидат намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба 30 нафар дружиначии фаъол туҳфаҳои хотиравӣ супорида, барои хизмати ҷамъиятии намунавиашон изҳори сипос намуд.

Октябрь 10, 2014 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад