Сафар ба хориҷа: зиёда аз 600 ҳазор нафар дар 9 моҳ
Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)- Дар 9 моҳи соли 2014 аз ҷумҳурӣ 676 ҳазору 302 шаҳрванд (-138.683) ба хориҷа сафар намуд. Дар ҳамин давраи соли 2013 ин шумора 814 ҳазору 985 нафарро ташкил дода буд.
Аз ин шумора 82,5 фоизи сафаркардаҳоро мардон ва боқимонда 17,5 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Аз ин 538 ҳазору 819 нафар ё 79,6% муҳоҷири меҳнатӣ мебошад.
Дар ин давра аз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия 530 ҳазору 324 нафар, ба Қазоқистон 6.073 нафар, ба Қирғизистон 1ҳазору 301 нафар, ба Афғонистон 388 нафар, ба Туркия 194 нафар, ба Чин 190 нафар, ба Эрон 222 нафар ва ба дигар давлатҳо сафар карданд.
Дар 9 моҳи соли равон 397 ҳазору 675 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз хориҷа баргашт, ки аз он 279 ҳазору 323 нафар муҳоҷири меҳнатӣ мебошад
Аз гузаргоҳҳои сарҳадии Федератсияи Русия барои ҳуқуқвайронкунии қоидаҳои будубош 1 ҳазору 671 нафар бозпас гардонида шуд, ки аз он 1 ҳазору 519 нафар мард ва 152 нафараш зан мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






