Сарқонун — бахтномаи миллат

Октябрь 25, 2014 11:36

Душанбе, 25.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар остонаи таҷллили 20-солагии қабули Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар саросари кишвар оид ба нақши Сарқонун дар ҷомеаи кунунӣ силсилаи мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолии касбу кори гуногун баргузор гардида истодааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, чунин як мулоқоти судманд дар мавзӯи “Сарқонун — бахтномаи миллат” дар филиали Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ дар шаҳри Чкалов доир шуд.
Дар он Дилбар Самадова, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Муҳаббат Почоева-дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДҲБСТ, Аҳрорхон Хоҷаев-намояндаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва Боқӣ Қудратов- намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромад иштирокдорон изҳор намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосӣ буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ташкили ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
 
 

Октябрь 25, 2014 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад