Шариф Саид бо медали АБШ қадр шуд

Октябрь 21, 2014 11:31

Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – 19  октябр  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шариф  Саид  бо   ноиби раиси  иҷроия – директори  генералии  Ассамблеяи байналмилалии пойтахту   шаҳрҳои  калон (АБШ)  Владимир  Селиванов  мулоқот  анҷом  дод. Дар  ин  бора  аз маркази  матбуоти  ПСС ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд. 
 Дар  ҷараёни  мулоқоти  масоили  рушди равобити  байниминтақавию  байналмилалӣ  мавриди  муҳокима  қарор  гирифта ва  аҳамияти пойтахти  Тоҷикистон  шаҳри  Душанбе, ки  имсол ҷашнвораи  худро  таҷлил  намуд, зикр  гардид. 
Владимир Селиванов бо қарори  раёсати Ассамблеяи  байналмилалии  пойтахту  шаҳрҳои  калон  медали ҷашнворавии  ин  созмони  ҷаҳониро ба Шариф  Саид «барои  саҳми  арзандааш ба рушди ҳамкории бисёрҷонибаи   байни   шаҳру  минтақаҳо дар  бахшҳои  тиҷорату  иқтисодиёт,  илму  техника,  фарҳанг ва  соҳаи   иҷтимоӣ» супурд. 

Октябрь 21, 2014 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад