Шароити хуб барои ҳамкории Тоҷикистону Австрия

Октябрь 16, 2014 12:17

Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). – «Имрӯз  дар  Тоҷикистон барои   сармоягузорону   соҳибкорон ҳамаи  шароит  фароҳам оварда шудааст», — зикр  намуд  вазири  рушди  иқтисод  ва  савдои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Шариф  Раҳимзода  дар ҷараёни  мулоқот  бо  Директори  генералии  равобити  хориҷаи Вазорати  федералии  илм,  тадқиқот  ва  иқтисодиёт,  раиси  қисми  австриягии Комиссияи байниҳукуматӣ  оид ба  ҳамкории  тиҷоратию  иқтисодӣ  Франс  Вессиг, ки  14  октябр  баргузор гардид. 
Назар  ба  хабари  Вазорати  иқтисод  ва рушди  савдои  ҶТ,  ҷонибҳо  аз  рӯи  масоили  ҳамкории  иқтисодию  тиҷоратӣ,  рушди  содирот, таҳкими  неруи  истеҳсолии  кишвар  ва  коркарди маҳсулоти  кишоварзӣ,  ҳамчунин  тарбияи  мутахассисони  варзидаи  ин  соҳаи  иқтисодиёти  кишвар  табодули  афкор  намуданд. 

Октябрь 16, 2014 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад