Тағйирот дар вазифаҳои КИВТ

Октябрь 24, 2014 15:32

 
Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ибтикори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дирӯз  семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Истифодаи торнамои Китобхонаи илмии виртуалии Тоҷикистон» гузаронида шуд.  
Бино ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева, дар семинар муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Баҳром Сафаров иброз намуд, ки Донишкадаи молия ва иктисоди Тоҷикистон аз соли 2012 аъзои Китобхонаи илмии виртуалии Тоҷикистон (КИВТ) аст ва ин вохӯрии сеюми мо бо намояндаи ин муассисаи илмӣ мебошад. Имсол баъзе вазифаҳои КИВТ тағйир ёфтааст ва ҳадаф аз баргузории семинар ҳам ба истифодабарандагон фаҳмондани тағйиротҳо аст. 
Ҳамоҳангсози Барномаи Китобхонаи илмии виртуалии Тоҷикистон Сокина Каримова дар бораи ин муассиса маълумоти мухтасар дода, қайд кард, ки КИВТ дорои 12,8 млн. мақолаҳои илмӣ аз байни бештар аз 16 ҳазору 500 маҷалла, аз қабили коллексияи пурраи маҷаллаҳо аз Директорияи маҷаллаҳои ройгон дастрасшаванда (DOAJ), OARE, AGORA ва HINARI дар Тоҷикистон мебошад. Мавсуф тариқи слайд чи тавр аз торнамои КИВТ истифода бурданро ба ҳозирин намоиш дод. 
Зимни суханронии хеш директори Китобхонаи илмии донишкада Баҳоваддин Қодиров иброз дошт, ки донишкада дар қатори 174 муассисаву ташкилоти кишвар аъзои  КИВТ буда, ба маълумоти он дастрасӣ дорад ва он бешак, барои пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотии устодону донишҷӯён кумак мерасонад. 
Бояд иброз дошт, ки Китобхонаи илмии виртуалии Тоҷикистон (КИВТ) имкони дарёфти матнҳои пурраи мақолаҳои илмӣ дар соҳаҳои илму техника ва равиши гуманитариро фароҳам меоварад. 

Октябрь 24, 2014 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад