Тақвияти пешгирии нашъамандӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ
Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ Рустам Назарзода ҷаласаи ҳайати роҳбарикунандаи раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва вилоятӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти фаврӣ-хизматӣ дар нӯҳ моҳи соли 2014 баргузор гардид.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ҷаласа раванди иҷрои “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” муҳокима гардид.
Баромадкунандагон дар фаъолияти худ як қатор норасоиҳоро дар соҳаи ташкили фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, пешгирии қочоқи маводи нашъаовар, ки ба ҷумҳурӣ тавассути сарҳади Тоҷикистону Афғонистон интиқол мешавад, инчунин масъалаҳои ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, ки робитаҳои байниминтақавӣ ва байнидавлатӣ доранд, зикр намуданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон, аз ҷумла дар ҷануби кишвар муҳокима шуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






