Таҷлили 50-солагии Фарзона дар ДДХ
Душанбе, 25.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 50-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Фарзона маҳфили илмию адабӣ доир гардид.
Ректори ДДХ Ғафурҷон Усмонов дар ин чорабинӣ зикр намуд, ки Фарзона пас аз итмоми зинаи нахустини таҳсилот дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба ҳалқаи донишандӯзони факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод, имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров пайваст. Муҳаббат ба илм, меҳри омӯхтану маърифати арзишҳои волои илму адаб Фарзонаро ба он водор кард, ки пайваста дар маҳфилҳои устодони хеш фаъолона ширкат намуда, аз наслу табори суханварону суханпардозон, олимону омӯзгорон буданашонро бори дигар собит намоянд.
Истеъдоди фитрӣ, дониши фаровон ва завқи афзун кардани саводи донишҷӯён Фарзонаро ба ҳалқаи ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ пайванд сохт. Аз ин рӯ, соли 1985 баъди гирифтани дипломи донишкада дар оғози фаъолият чанд муддат чун омӯзгори кафедраи байни факултавии психология ва солҳои 1989 — 1993 дар кафедраи адабиёти классикии донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор ба таълими шогирдон машғул гардид.
Боиси ифтихор аст, ки то имрӯз Фарзона ба иродатмандону мухлисони ашъорашон маҷмӯаву китобҳои «Тулӯи хандарез», «Шабохуни барқ», «Ояти ишқ», «То бекаронаҳо», «Меъроҷи шабнам», «Қатрае аз мӯлиён», «Як ғунча роз», «Муҳри гули мино», «Сад барги ғазал», «Саду як ғазал», «Себарга», «Парниёни xон» ва ғайраҳоро ҳадя намудааст. Мо аз он ифтихормандем, ки Фарзона ҳамчун парвардаи асили Донишгоҳ бо унвонҳои баланди кишвар, амсоли унвони олии Шоири халқии Тоҷикистон», Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Турсунзода, Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва ордени Шараф сазовор гардидааст. Ва аз ҳама муҳимаш Фарзона муаллифи суруди донишгоҳ мебошад.
Ҷумъбаой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, Масъуди Аҳмадванд, раиси дафтари фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вилояти Суғд, Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди мардумии Иттифоқи Шӯравӣ, Ҷӯрабек Набиев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Мирсалим Ашӯров, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва дигарон устод Фарзонаро бо ҷашни нимасрааш табрик гуфтанд.
Ҳамчунин дар маҳфил ду маърӯза «Устод Фарзона-шоири ғазалсарои тоҷик», аз ҷониби мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Неъматҷон Файзуллоев ва «Нодира гуфториҳои Фарзона» аз тарафи мудири кафедраи забони тоҷикӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанов ироа гардид.








Доир ба вазифаҳои илми муосири иқтисодӣ конференсия баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Сарфаҷӯии неруи барқ яке аз омилҳои таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд
Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон хокбориш ба амал меояд
Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо фаъолони ҷамъиятӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Қазон мулоқот намуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дараҷаи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст






