Таҷлили иди касбии кормандони бахши фаврӣ
Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- 5-уми октябри соли ҷорӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони бахши фаврӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои корманди вазорати мазкур Хусрав Солеҳов, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва кормандони самти фавриро бо рӯзи таъсисёбиашон табрик намуда, дар кори масъулиятноку бошараф ва заҳматталабу боифтихорашон барору комёбӣ таманно намуд. Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки мақомоти милитсияро бе сохтори кофтукови ҷиноятӣ наметавон тасаввур намуд, зеро асоси фаъолияти ин ниҳодро маҳз ранҷу заҳмати кормандони кофтукови ҷиноӣ ташкил дода, фаъолияти дигар ҷузъу томҳо аз натиҷаи кори онҳо сарчашма мегиранд.
Дар чорабинии тантанавӣ бо фармони вазири корҳои дохилӣ барои хизматҳои софдилона ва содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ дар таъмини муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят, ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ, инчунин бахшида ба муносибати таҷлили ҷашни таъсисёбии раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра кормандон бо нишонҳои сарисинагии «Корманди беҳтарини фаврӣ», «Барои хизматҳои аъло дар ВКД», медали «Барои хизмати шоён» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






