Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар «Тоҷикстандарт»
Душанбе, 3.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳот иштирок намуданд. Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукурзода доир ба таърихи забони давлатӣ, мақому манзалати он дар худшиносиву худогоҳии миллӣ ва татбиқи босамари қонуни забони давлатӣ дар «Тоҷикстандарт» маърӯза кард. Сипас, мудири бахши экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳот Маҳмад Муродов ва мутахассиси ҳамин бахш Амирҳамза Сатторов доир ба паҳлуҳои гуногуни татбиқи қонуни забони давлатӣ, бахусус дуруст истифода бурдани калимот, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ва амсоли инҳо баромад намуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






