Тадбирҳои зидди гирдиҳамоиҳо тақвият меёбанд

Октябрь 15, 2014 15:35

 
       Душанбе, 15.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Бо ворид намудани иловаҳо ба  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» Тоҷикистон    тадбирҳои зидди гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳоро тақвият медиҳад.  Дар ин росто 15 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба моддаи 15-и лоиҳаи қонуни мазкур иловаҳо ворид намуданд. 
            Саодат Амиршоева -вакили Маҷлиси зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки зарурати ворид намудани иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» пешгирӣ ва бартараф намудани  бетартибиҳои оммавие,  ки иштирокчиёни гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо метавонанд содир намоянд,  инчунин ҳифзи амнияти давлат ва таъмини бехатарии шаҳрвандон аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ мебошад.
   Вакилони Парлумон ҳамзамон ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ва «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои  фаъолият»тағйиру иловаҳо ворид намуданд. 
 

Октябрь 15, 2014 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад