Таъйини сафири нави Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон

Октябрь 28, 2014 16:52

Душанбе, 28.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- Ҳю Филпот сафири нави Бритониѐи Кабир дар Тоҷикистон таъйин шуд ва ӯ сафири пештараи  Бритониѐ Робин Орд-Смитро, ки ба хизмати нави дипломатӣ мегузарад, иваз хоҳад кард. 
Филпот хизмати худро ба ҳайси сафири Бритониѐ дар Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2015 оғоз менамояд.
Филпот кори худро дар Вазорати корҳои хориҷии Бритониѐ соли 1980 шурӯъ кард ва дар давоми фаъолияти кориаш бо масъалаҳои гуногун, ба монанди Бехатарии байналмиллалӣ, ҳудудҳои бурунмарзӣ ва Шарқи наздик кор кардааст. Пештар ӯ дар шаҳрҳое, ба монанди Осло, Будапешт, Бағдод, Вашингтон ва Мускат фаъолият намудааст. Ҷаноби Филпот дар Вазорати рушди байналхалқии Бритониѐи Кабир бо пешниҳоди ѐрии техникӣ ба Русия хизмат кардааст ва ҳамчунин  дар Вазорати соҳибкорӣ, инноватсия ва шуғли Бритониѐ фаъолият намуда, дар ин вазорат шабакаи  илм ва инноватсияро сардорӣ намудааст. Дар бораи таъйин шудани худ ба ҳайси Сафири Улёҳазрат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳю Филпот гуфт: “Ман аз таъйин шудани худ ҳамчун сафири Улёҳазрат дар Тоҷикистон хеле хурсанд ва сарбаландам. Ман интизори оғози фаъолияти худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам, ки аз сар вақтҳои рушди иқтисодии хеле хуб ва ҳаяҷоновар гузаронида истодааст. Ман хеле шодам, ки ба ман имконияти мустаҳкам кардани муносибатҳо бо Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик дода шуд”. 
 
 

Октябрь 28, 2014 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад