Тараққиёти иҷтимоию иқтисодии Хатлон дар нӯҳ моҳ

Октябрь 22, 2014 11:25

Душанбе, 22.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Масъалаҳои марбут ба ҷамъоварии  нақшаи андоз,   ҷамъоварии ҳосили пахта, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ба қайд нагирифтани хоҷагиҳои деҳқонӣ, қарзи музди меҳнат, бе патент фаъолият намудани соҳибкорон, пешгирии ҳолатҳои фавқулода,  нигоҳдории роҳҳои мошингард, омодагӣ ба фасли сармо, захираи маҳсулоти хӯрокӣ дар ҷамъияти матлуботҳои шаҳру ноҳияҳо, тасдиқи нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо дар ҷаласаи васеи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нӯҳ моҳи соли 2014, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Қурғонтеппа доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон ба масъулони соҳа  дастур дод, ки ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет тадбирҳо андешида, барои барзиёд иҷро шудани нақша, роҳ надодан ба афзоиши бақияпулиҳо, пурра таъмин кардани иҷрои қарорҳои қабулгардида, ба итмом расонидани корҳои баҳисобгирии молу амвол ва замини наздиҳавлигӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Давлат дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон, таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ чораҳои таъсирнокро амалӣ намоянд.
Раиси вилоят ҳамчунин ҷиҳати рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор дастуру супоришҳо дод.

Октябрь 22, 2014 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад