Таваҷҷуҳи ҷиддии Душанбе бобати ҳамкорӣ бо Боку

Октябрь 16, 2014 15:37

 
          Душанбе, 16.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Тоҷикистон ба масоили ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд». Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз мулоқот бо Президенти Озарбойҷон зимни изҳороти матбуотӣ иброз дошт.
   Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки бо  назардошти рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни  ду кишвар мо умедвориамонро ба густариши фаъолияти сармоягузории соҳибкорони Озарбойҷон дар бунёди иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва соҳаи нафту гази Тоҷикистон, истифодаи захираҳои минералӣ, ҳамчунин ба ҳамкории низомҳои бонкии ҳар ду давлат иброз медорем.
        Таъкид шуд, ки маҳдудияти имконоти нақлиётию коммуникатсионӣ яке аз омилҳоест, ки монеаи рушди тиҷорати мутақобила миёни Тоҷикистону Озарбойҷон аст. Дар иртибот ба ин Президенти Тоҷикистон афзуд, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии кишварҳоямон табиист, ки чунин тиҷорат ташкили инфрасохтори заруриро тақозо мекунад.
              Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни изҳороти матбуотиаш таъкид кард, ки мо дар ин самт ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим дар доираи лоиҳаи ТРАСЕКА, Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматӣ, ки дар Боку воқеъ аст,  манфиатдорем. 
    Бояд тазаккур дод, ки Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон бо сафари дурӯзаи расмӣ шаби 15 октябр бо як ҳайати баландпоя ба Душанбе омад.   

 

Октябрь 16, 2014 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад