Тавзеҳи қонунҳои конститутсионӣ аз сӯи аъзои КМИР

Октябрь 13, 2014 11:19

                   Душанбе, 12.10.2014.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидзода).- Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе силсила-семинарҳои омӯзишӣ бо аъзои эҳтимолии комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинарҳои омӯзишӣ  аъзо ва кормандони дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба аъзои эҳтимолии комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуну мӯҳтавои  қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба баргузории интихоботро шарҳ доданд.
           Абдуманнон Додоев-роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот  ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷараёни семинарҳои омӯзишӣ  муҳтавои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»,«Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»  ва инчунин дастурамалҳое,  ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ тасдиқ гардидаанд, тавзеҳ  дода шуданд. Чунин семинарҳои омӯзишӣ дар бархе аз навоҳии вилояти Хатлон низ гузаронида шуд. 
 
 

Октябрь 13, 2014 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад