Темурмалик: омодагӣ ба давраи зимистон

Октябрь 1, 2014 09:51

Темурмалик, 1.10.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар ноҳияи Темурмалик ҳамаи корхонаю ташкилотҳо ба маъракаи зимистонгузаронӣ омодагӣ мебинанд. Дар 46 муассисаи таълимии ноҳия ва се боғчаю 2  интернат  дар айни замон 305 тонна ангишт, 340 метри куби ҳезум ва 30 тонна мазут захира шудааст, ки муассисаҳо метавонанд зимистони солҳои 2014-2015-ро бомуваффақият паси сар намоянд.
Тавре ки сардори раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳия иброз намуд,    матлуботчиёни ноҳия бо истифода аз шароити мавҷуда мағозаҳои фурӯши ангиштро дар ноҳия фаъол гардонида, қисми зиёди муассисаю идораҳоро бо ин намуди сӯзишворӣ таъмин намудаанд. 
Муассисаҳои тандурустии ноҳия низ ба ин маъракаи муҳим омодагӣ дида истодаанд.
Беморхонаи марказӣ, ки дорои 10 шуъба ва чор шуъбаи ёрирасон мебошад, бо барқи доимӣ таъмин буда, дар соли ҷорӣ дар он 16,4 тонна ангишт ва 5 метри кубӣ ҳезум захира шудааст.

Октябрь 1, 2014 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад