Вохӯрӣ бо мактабиён
Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 21 октябр кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ якҷоя бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, шуъбаи маорифи Ҳукумати ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии пойтахт бо хонандагони синфҳои болоии мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №40 ва волидайни онҳо, ҳамчунин сокинони маҳаллаи «Шодиёна» — и шаҳри Душанбе вохӯрданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ масоили нашъамандӣ, зарар ва оқибатҳои нохуши истифодаи маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба саволҳои сершумори мактабиён ва волидайни онҳо посух дода шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба ҳозирин варақаҳои иттилоотӣ ва китобҳои махсус тақдим шуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






