Вохӯриҳои роҳбари ВКД ҶТ дар Федератсияи Русия

Октябрь 24, 2014 11:46

Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Вазири   корҳои  дохилии   Тоҷикистон  Раҳимзода  Рамазон  Ҳамро  дар  ҳошияи  сафараш  ба  шаҳри  Маскав  бо донишҷӯёни  тоҷик, ки дар  Донишгоҳи  ВКД  Русия  воқеъ дар  шаҳри  Маскав  таҳсил  доранд,  вохӯрд. 
Тавре  ки  ВКД  ҶТ хабар  медиҳад,  Рамазон  Раҳимзода  донишҷӯёнро  даъват  намуд, ки  барои  ба даст овардани илму  дониш саъю  кӯшиш  карда, ба  ҳайси мутахассисони   лаёқатманд  ба  Ватан  баргарданд. Вазири   корҳои  дохилӣ зимни  ҷавобҳояш  ба  саволҳои  донишҷӯён итминон  дод, ки барои  ҳалли  проблемаҳои  рӯзмарраи  онҳо   чораҳои  зарурӣ  дида  мешаванд.
Вазир  ҳамчунин  дар маросими  мизи  мудаввар  дар  мавзӯи «Раванди  танзими  мақоми  ҳуқуқии  муҳоҷирони  меҳнатии  байни  Русия  ва  Тоҷикистон», ки  дар  ҳошияи  форуми  чоруми  байнипарлумонӣ  дар  толори  Донишгоҳи  ба  номи  Ломоносови   шаҳри  Маскав  баргузор  гардид,  иштирок  намуд. 
Ғайр  аз ин Рамазон  Раҳимзода ба  ҳайси  узви ҳайати Ҳукумати  кишвар  дар  маросими  вохӯрии   раиси  Маҷлиси  миллии Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Маҳмадсаид  Убайдуллоев бо   муовини  аввали Ҳукумати  Федератсияи  Русия Игор  Шувалов   ширкат  намуда, нуқтаи  назарашро  аз  рӯи  масоили  ҳамкорӣ   дар  муборизаи  зидди  ҷинояткорӣ  иброз  дошт.

Октябрь 24, 2014 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад