Вохӯрии корфармоёни Санкт-Петербург дар Душанбе
Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои Раёсати муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 8 ноябри соли 2014, аз соати 11:00 то 14:00 дар бинои вазорат вохӯрии корфармоён- намояндагони ширкатҳои шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.Мақсади мулоқот бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои Санкт-Петербург мебошад.Шахсоне, ки мехоҳанд дар ин мулоқот ширкат варзанд ва ё дар шаҳри Санкт-Петербург ҷои кор дарёфт намоянд, метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоянд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






