Вохӯрии рафиқонаи собиқадорони дастаҳои «Спартак» ва «Помир»

Октябрь 8, 2014 12:22

Душанбе, 08.10.2014. (АМИТ «Ховар», Анна  Мошенко). – 25  октябр  дар  шаҳри  Душанбе  вохӯрии  рафиқонаи собиқадорони  дастаҳои  футболи  «Спартак» ва  «Помир»  баргузор гардида,  дар  он  ситораҳои футболи солҳои 70 – 90 – уми  асри  гузаштаи тоҷик   иштирок менамоянд.
Ин  вохӯрӣ  бо  ибтикори  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  якҷоя  бо сафорати  Федератсияи  Русия  дар  ҶТ,  рӯзномаи  «Вечёрка» ва  маркази фарҳангии «Аржанг»  роҳандозӣ  мешавад. 
Ба  гуфтаи  ташаббускори  вохӯрии собиқадори  футбол  Зафар  Абдуллоев,  Тоҷикистону  Русияро  риштаҳои  зичи дӯстӣ ва  ҳамкории   стратегӣ  пайваст  менамоянд.
24  сол  муқаддам  дастаи  «Помир»  дар  ҳошияи  Мусобиқоти  ИҶШС  оид  ба  футбол  13  октябри  соли  1990  клуби «Спартак» — и шаҳри  Маскавро  дар  майдони  худ  қабул  намуда,  бо  ҳисчоби 5:1 ғалаба  карда буд. Аз  ин  пештар  дастаи  «Спартак»  дар  шаҳри  Маскав бо  ҳисоби  6:2  бар  дастаи  «Помир»  пирӯз  шуда буд.
Дар  вохӯрии рафиқона  аз  ҷониби   дастаи  «Спартак»  Руслан  Неъматуллин,  Дмитрий  Хлестов,  Борис Поздняков, Рамиз  Мамедов,  Юрий  Ковтун,  Сергей  Шавло,  Вагиз Ҳидоятуллин,  Валерий  Кечинов, Георгий  Яртсев,  Валерий  Шмаров,  Андрей  Пятнитский, Юрий  Гаврилов, Эдуард Мор, Олег Кужлев,  Владимир  Букиевский,  Александр  Кокорев  иштирок  менамоянд.
Олег  Романтсев  ва  Вячеслав  Егорович  мураббиҳои   дастаи  «Спартак»  мебошанд, ки  ҳар  ду  солҳои  гуногун дар  ҳайати  ҳамин  дастаи номии  Русия  қувваозмоӣ  мекарданд.
Аз  ҷониби дастаи  «Помир»  Андрей  Мананников,  Станислав  Карасёв, Анатолий  Воловоденко,  Олег  Ширинбеков,  Олимҷон Рафиқов,  Шӯҳрат Мамадҷонов,  Олег  Малюков, Алексей Чередник,  Валерий  Турсунов,  Ҳаким  Фузайлов, Александр  Пилюгин,  Мӯҳсин  Муҳаммадиев,  Вазген  Манасян,  Эдгар  Гесс,  Наримон  Палабуюк ва  дигарон  қувваозмоӣ  менамоянд. Роҳбарии  собиқадорони   дастаи «Помир» —  ро  Мураббии  шоистаи  ИҶШС  Шариф  Назаров  ба  ӯҳда  дорад. 

Октябрь 8, 2014 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад