Ҳамкориҳои густурда байни Тоҷикистону Чехия

Ноябрь 25, 2014 14:15

Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия 5 июни соли 1992  барқарор шудаанд.
Моҳи ноябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия сафари корӣ анҷом дод. Дар ҷараёни ин сафар Президенти кишвар инчунин дар кори саммити навбатии Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ ширкат варзид. Дар баробари иштирок дар ин саммит, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як силсила ширкатҳои саноатӣ, аз ҷумла ба ширкати «Шкода Авто» ташриф оварда, бо ҷараёни кори ин корхона шинос шуд. 
6-9 октябри соли 2004 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия баргузор гардид. Зимни ин сафар як силсила ҳуҷҷатҳои муҳими дуҷониба ба имзо расид: Эъломияи муштараки сарони ду давлат, Ёддошти тафоҳум оид ба натиҷаи гуфтушунидҳо байни Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» ва Бонки содироти Чехия.
7 феврали соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби сафари кории Президенти Тоҷикистон ба шаҳри Сочии Федератсия Русия мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Чехия Милош Земан баргузор гашт. Ҳарду ҷониб аз пайвастагӣ ва судбахшии робитаҳои сиёсӣ изҳори хушӣ карда, ҳамзамон ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо таъкид доштанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии Президенти Чехия ба Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли равон бояд ҷараён бигирад, ба рушди бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Байни Тоҷикистону Чехия мубодилаи боздидҳои расмӣ ва кории ҳайатҳо дар сатҳҳои гуногун доимо сурат мегиранд. Аз ҷумла, дар давраи раисии Ҷумҳурии Чехия дар Иттиҳоди Аврупо 29-30 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ баргузор гашт. Барои иштирок дар ин мулоқот вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чехия Ян Когоут ба сифати раиси Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар кард.
Тоҷикистону Чехия дар соҳаҳои иқтисод, савдо, саноат ва тандурустӣ ҳамкорӣ мекунанд. Моҳи ноябри соли 2006 Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба пешгирӣ намудани андозбандии дукарата нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.
Ҳаҷми гардиши тиҷорат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия дар соли 2013 ба 3 млн. 428 ҳазор доллари амрикоӣ расид. Маҳсулоти асосии воридот шакар ва маҳсулоти қаннодӣ, маснуоти сафолӣ, мебел, асбобҳои нурафкан, маҳсулоти чӯбин, шиша ва маҳсулоти шишагӣ мебошанд. Содирот асосан аз нахи пахта иборат аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Чехия аҳамияти хосса зоҳир менамояд. Ҷониби Тоҷикистон аз сафари дарпешистодаи расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан таҳким ва густариши робитаҳоро дар соҳаҳои барои ду ҷониб афзалиятнок ва муфид, такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, ки асос барои ҳамкории минбаъдаи судманд хоҳад буд, мунтазир аст.

Ноябрь 25, 2014 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд