Ҷаласаи Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба шустани пул дар Душанбе

Ноябрь 10, 2014 16:05

Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи  пленарии Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба шустани пул ва маблағгузории терроризм оғоз шуд.   
Ба иттилои Хадамоти матботи Бонки миллиии Тоҷикистон, дар кори ҷаласа намояндагон аз нӯҳ давлати аъзои Гурӯҳи Авросиё — Беларус, Қазоқистон, Қириғизистон, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Чин, Ҳиндустон ва Тоҷикистон,  давлатҳои мушоҳиди ин Гурӯҳ — Арманистон, Афғонистон, Лаҳистон, Украина, Фаронса ва дигарон иштирок менамоянд. Дар ин ҷаласаҳо ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, дигар гурӯҳҳои минтақавии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) низ ҳамчун мушоҳид ширкат меварзанд. 
    Имрӯз мутобиқи барномаи кории чорабинии мазкур ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории зерини Гурӯҳи Авросиё оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ёрии техникӣ, мониторинги хавфҳо баргузор мегарданд. 
    Дар ҷараёни баргузории ҷаласаҳои имрӯза ҳисоботи намояндагони як зумра давлатҳо доир ба корҳои иҷрошуда дар ин ҷода мавриди муҳокима қарор гирифта, баҳогузорӣ мегарданд. 

Ноябрь 10, 2014 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад