Ҷамъоварии пахта ба 83,2 фоизи дурнамо расид

Ноябрь 4, 2014 11:59

Душанбе, 4.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Новобаста аз номусоидии вазъи ҳаво кишоварзони ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии пахтаро идома дода истодаанд. Мувофиқи маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда аз 177,6 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шуд.Дурнамои истеҳсоли пахта 408 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳои охирин дар ҷумҳурӣ дар як рӯз 3746 тонна ва аз аввали мавсим ба миқдори 339,2 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 83,2 фоизи дурнамо мебошад. Дурнамои ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон 177,6 ҳазор тонна буда, дар як рӯз 2933 тонна ва аз аввали мавсим ба миқдори 240 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 86,5 фоизи дурнамо мебошад. Дар вилоят аввалин шуда кишоварзони ноҳияҳои Сарбанд ва Панҷ аз иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта мужда доданд.Дар вилояти Суғд низ имрӯзҳо ҷамъоварии пахта муташаккилона идома дорад. Дар як рӯз 767 тонна ва аз аввали мавсим ба миқдори 89,8 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 78,1 фоизи дурнамо мебошад.Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар як рӯз 46 тонна ва аз аввали мавсим ба миқдори 9222 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 59,9 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Ноябрь 4, 2014 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад