«АксесБонк Тоҷикистон»-таҳвилгари пешсафи хизматрасониҳо
Душанбе, 17.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — «АксесБонк Тоҷикистон» бо чор филиали худ дар пойтахт ва яктоӣ филиал дар шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода ва Қӯрғонтеппа яке аз таҳвилгарони пешсафи хизматрасониҳои маблағгузории хурди мамлакат маҳсуб меёбад. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, ки моҳи сентябр дар вилояти Суғд Маркази аввалини хизматрасонии бонкӣ кушода шуд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯзҳо бонк дорои шабакаи филиалӣ ва кормандони ботаҷриба буда, ба зиёда аз 10 000 мизоҷ хизмат мерасонад.
Бояд гуфт, ки «АксесБонк Тоҷикистон» соли 2009 аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD), Корпоратсияи байналмилалии молия (IFC), Бонки Рушди Олмон (KfW) ва «AccessHolding» бунёд ёфтааст. Самти асосии фаъолияти бонк қарздиҳии тиҷорати микро ва хурду миёна мебошад. Дар тӯли фаъолияти чорсолаи худ бонк дар қисмати қарзӣ нишондодҳои хеле баландро ба даст овард.
Моҳи августи соли 2014 маблағи умумии сандуқи қарзии бонк зиёда аз 50 млн. доллари ИМА — ро ташкил дод. Ду сол пеш, баъди гирифтани иҷозатнома барои ҷалби пасандозҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон сандуқи пасандозии «АксесБонк» андозаи зиёда аз 3,5 млн. доллари ИМА — ро ташкил дод. Интизор меравад, ки тамоюли афзоиши устувор дар солҳои наздик нигоҳ дошта мешавад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






