Аз бегонашавии динӣ ҷилавгирӣ бояд кард
Душанбе, 27.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Динисозӣ, ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ ҷомеаро ба мушкилот мувоҷеҳ менамояд». Ин матлаб имрӯз зимни баргузории конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ислом ва озодандешӣ дар фарҳанги миллӣ», ки дар Душанбе бо ибтикори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, зикр шуд. Дар нишаст,- иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар»,- намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону масъулини ниҳодҳои пажӯҳишии кишвар, донишмандон, исломшиносон, имомхатибони масҷидҳо, мутахассисону коршиносони масоили динӣ ҳузур доштанд. «Ҳадаф аз баргузории конфронс баррасии паҳлӯҳои мухталифи масоили марбут ба арзишҳои миллӣ, раванди ташаккули давлатдории миллию дунявӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, хусусан ҳувияти миллӣ ва озодандешӣ дар шароити ҷаҳони муосир аст», гуфт Муродулло Давлатов- директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф зимни гузориши худ доир ба бегонашавии динӣ ва ҳувияти миллӣ: мушкилоти озодандешӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон» табодули назар карда, афзуд, ки вазъи сиёсии ҷаҳон ва таҳаввулоти куллие, ки дар ҷаҳони ислом ба вуҷуд омада истодаанд, вокунишро тақозо менамояд. Мавсуф атрофи масъалаи мафкуравӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳонбинии бегонашавӣ ибрози назар намуда, таъкид кард, ки нақши озодандешӣ дар ташаккули давлати дунявӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Бо дахли масоили бегонашавии динӣ ва ҳувияти миллӣ инчунин мушкилоти озодандешӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон масъули Маркази исломшиносии кишвар афзуд, ки равандҳои зуҳури хусусияти бегонашавии динӣ ва ҳувияти миллӣ ҷомеаро дар моварои печидаю шиддатнок ва мушкилот нигоҳ медорад, зеро вақте ки дар ҷомеа гурӯҳе нисбат ба дину ҳувияти миллӣ бегонашавӣ зоҳир менамояд, он афрод ба миллату давлат душман гардида, хиёнат менамоянд, яъне ба манфиати бегонаҳо кор мекунанд ва ба амнияту манофеи миллӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Ин аст, ки тӯли даҳсолаҳои охир дар ҷомеаи ҷаҳон андешаҳои гуногуни ҳувиятсоз зуҳур намуда истодаанд, ки онҳо ба бегонашавии динӣ ва ҳувияти миллӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Таъкид гардид, ки вақте андешаи динӣ хусусияти сиёсӣ пайдо менамояд, хоҳ нохоҳ ба ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод месозад. Салафисозӣ дар бархе аз кишварҳои Шарқи Наздик, назири Ироқ ва Шом имрӯзҳо мушкилоти сангинро дар ҷомеаи ҷаҳон ба бор овардааст. Иштирокдорони конфронс ҳамзамон дар мавзӯъҳои космополитизми динӣ ҳамчун воситаи фишор ба наҳзатиҳои миллӣ, шаклҳо ва хусусиятҳои асосии озодфикрӣ дар таърихи фарҳанги тоҷик, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-маҳаки асосии рушди озодандешии миллӣ, исломгароии мафкуравӣ, пайвастагии муносибати илм ва дин дар замони муосир ва соири масоили марбут ба нақши озодандешии миллӣ дар рушди фарҳанги исломӣ ва дигар паҳлӯҳои он табодули назар карданд.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






