Бунёди корхонаи истеҳсоли гипсокартон дар Ёвон

Ноябрь 12, 2014 08:22

Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои бунёдкориву ободонӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафар намуд. Нахустин шуда Сардори Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони ҶДММ «Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал», ки истеҳсоли гипсокартонро ба роҳ мемонад, ташриф оварда, ба бунёди ин корхона санги асос гузошт. Ин корхона дар майдони 3,2 га бо иқтидори истеҳсоли 10 ҳазор дона гипсокартон дар як шабонарӯз ба маблағи 17 млн. 753 ҳазор доллари ИМА барои 150 ҷои корӣ бо истифода аз захираҳои табиии маҳалӣ ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин Сардори Давлат ба мавзеи сохтмони корхонаи навбунёд- ҶДММ «Джунг-ТСАЙ-Моҳир семент» ташриф оварда, санги асоси онро мегузорад. Ин корхона бо иқтидори истеҳсоли 1 млн. 200 тонна семент дар як сол дар майдони 12 га бо маблағи 110 млн. доллари амрикоӣ барои 850 ҷои кор бунёд мешавад.Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар моҳи декабри соли 2015 ва корхонаи истеҳсоли гипсокартон моҳи июни соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.

Ноябрь 12, 2014 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад