Дастгирии молиявӣ ба «Барқи Тоҷик» аз сӯи Ҳукумат
Душанбе, 26.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар асоси пешниҳоди Ҳукумати мамлакат илова ворид намуданд. Тибқи он маблағи қарзи Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи /ҶСК/«Сангтӯда -1» дар назди буҷети кишвар дар ҳаҷми 30 миллион сомонӣ ҳисоб карда намешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкурро дар назди вакилони Парлумон Ҷамолиддин Нуралиев -муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ шарҳ дода гуфт, ки маблағи қарзи ҶСК «Сангтӯда-1» дар назди буҷет аз рӯи андозҳо то ҳолати 1 ноябри соли 2014 -ум 25,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла фоизҳо 5,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Сабаби асосии пайдо шудани қарзи ҶСК «Сангтӯда-1» дар назди буҷет аз рӯи андозҳо аз ҳисоби маблағҳои нопардохтаи ҳаққи истифодаи неруи барқ аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик», ки харидори ягонаи барқи истеҳсолнамудаи ҶСК Сангтӯда-1» дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ба вуҷуд омадааст. Муовини вазири молияи кишвар афзуд, ки то 1 ноябри соли 2014 қарзи ШСХК «Барқи Тоҷик» дар назди ҶСК «Сангтӯда-1» 418, 4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Қарзи ШСХК «Барқи Тоҷик» дар назди буҷет аз рӯи андозҳо то ҳолати 1 ноябри соли 2014 ба 185,6 миллион сомонӣ расидааст. Зикр шуд, ки пурра пардохт нагардидани ҳаққи истифодаи неруи барқ аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» боиси паст гардидани пардохтпазирии ҶСК «Сангтӯда -1» гардидааст.
Бино ба гузориши Ҷамолиддин Нуралиев ҳадафи таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дастгирии давлатии молиявии ҶСК «Сангтӯда -1» буда, дар соли 2014 маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби таҳвили неруи барқ ба ШСХК «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омада, фоизоти тибқи моддаи 73 -и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ҳисоб карда намешаванд, зеро солҳои охир бо сабаби ноустувор будани вазъи молиявии ШСХК «Барки Тоҷик» ин ширкат уҳдадориҳояшро дар назди буҷет ва ҶСК «Сангтӯда-1» иҷро карда натавонистааст.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






