Фарзандкуш ҷазо гирифт
Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-30 июни соли равон дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Фединаи пойтахт ҷасади Шарипова Мадина Латифовнаи шашсола, тарбиятгирандаи Хонаи кӯдакони №2-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, сар аз тан ҷудо дарёфт гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, баъд аз 20 дақиқаи содир шудани ҷинояти мазкур аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят модари марҳум — Шарипова Зиёдагул Юсуфовна дастгир шуд.Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Шарипова Зиёдагул Юсуфовна, соли таваллудаш 1985, зодаи ноҳияи Ҳисор, шаҳраки Шарора, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, фарзанди ноболиғи худ Мадинаи шашсоларо аз Хонаи кӯдакони №2 бо навиштани дастхат тахминан соатҳои 10 бо худ бурда, бо истифода аз корд ӯро ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидааст. Сипас номбурда ҷасадро дар назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина гузошта, худ аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Бино ба иттилои судяи суди шаҳри Душанбе Аблулғанизода Абдумонеъ, рӯзи 7 ноябри соли 2014 Зиёдагул Шарипова бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои «б», «е»-и Кодекси Ҷиноии ҶТ ба муҳлати 19 сол аз озодӣ махрум карда шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






