Хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ баробари 2 фоиз афзуд

Ноябрь 28, 2014 11:54

Душанбе,  28.11.2014. (АМИТ «Ховар»,  Покизаи  Шодмон).- Ҳаҷми   хидматрасонии  пулакӣ  ба  аҳолии  Тоҷикистон аз   оғози  соли  ҷорӣ  беш  аз  8,2  миллиард  сомониро ташкил  дод, ки   нисбат ба  ҳамин  давраи  соли   гузашта баробари  2  фоиз   зиёд  аст. 
Мувофиқи  маълумоти  Агентии   омори  назди  Президенти  ҶТ, ба  корхонаю  ташкилотҳои  расман ба қайд  гирифташуда  ба  маблағи  беш  аз  4,3  миллиард  сомонӣ  хидмати  пулакӣ  расонида шудааст, ки ин  52,2  фоизи  ҳаҷми умумии хидматрасониро ташкил  медиҳад. 
Аз  моҳи  январ то  моҳи  октябри  соли  равон  ҳаҷми  хидматрасонии  пулакӣ дар  шаҳри  Душанбе  назар  ба  нишондоди  миёнаи  ҷумҳурӣ 4,6  баробар зиёд  гардид. 
Ҳамзамон  ҳаҷми хидматрасонии  пулакӣ  дар  хадамоти  алоқа  18,6  фоиз,  Вазорати  молия 16,6  фоиз,  Вазорати  нақлиёт 8,0 фоиз, Вазорати  энергетика  ва  захираҳои  об  13,2  фоиз  коҳиш  ёфтааст. 

Ноябрь 28, 2014 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад