Ифтитоҳи нуқтаҳои иловагии шиносномадиҳӣ дар Русия

Ноябрь 21, 2014 16:19

 
  Душанбе, 21.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-  Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти намояндагии дипломатии худро дар қаламрави Русия ҷиҳати бо шиносномаҳои биометрӣ таъмин намудани шаҳрвандонаш дар ин кишвар тақвият бахшид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Муҳаммад Эгамзод -намояндаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дод.
            Мавсуф гуфт, ки бо назардошти муҳимияти ин маърака, бо дастури муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар Озода Раҳмон чанде аз кормандони иловагии бахши консулӣ аз дастгоҳи марказӣ ба Сафорати Тоҷикистон ба Маскав  фиристода шуданд. Онҳо якҷоя бо  кормандони Хадамоти консулӣ дар ин самт фаъолият доранд. То замони мувофиқаи пурра бо мақомоти Русия ҷиҳати ифтитоҳи нуқтаҳои иловагии додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Новосибирск ва Краснодар,  кормандони  иловагии бахши консулӣ дар  Хадамоти консулгарӣ дар шаҳри Маскав, Консулгариҳои генералӣ дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа ба фаъолият фаро гирифта шудаанд. 
      Инчунин Ашраф Гулов-роҳбари Хадамоти консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба кормандони  Хадамоти консулгарӣ дастур додааст, ки новобаста аз реҷаи корӣ хидматрасониро ба шаҳрвандони кишвар ҷиҳати дарёфти шиносномаи хориҷӣ роҳандозӣ намоянд.

 

Ноябрь 21, 2014 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад