Камол — кимёи Табрезу Хуҷанд

Ноябрь 18, 2014 10:48

Душанбе, 18.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Маросими бузургдошти Камоли Хуҷандӣ, шоири шинохтаи тоҷик таҳти унвони «Камол — кимёи Табрезу Хуҷанд» дар Фарҳангсарои андешаи шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон доир шуд.
Дар он масъулони фарҳангии кишварҳои Тоҷикистону Эрон ширкат варзиданд. Аз ҷумла, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни иштирок  аз меҳмоннавозии эрониён изҳори ташаккур намуд ва афзуд, ки бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҳамасола барои бузургдошти шахсиятҳои бузург чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ доир мешаванд.
Абдураҳмон Қодирӣ аз ҷашни таҷлил аз шаҳри Хуҷанд дар соли 2020 тавассути созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО хабар дод. Ӯ дар ҳузури аҳли фарҳанги Эрон гуфт, ки мо бо фарҳангу забони муштарак ҷонибдори густариши робитаҳо ҳастем.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросими бузургдошти Камоли Хуҷандӣ дар Теҳрон сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматуллоҳ Эмомзода низ сухан гуфта, изҳори умед кард, ки ин шабнишинӣ барои ошноии бештари аҳли фарҳангу адаби кишварҳои дӯст мусоидат хоҳад кард.
Фарзонаи Хуҷандӣ, шоираи мумтози тоҷик, ки дар ин ҳамоиш иштирок дошт, суханронии худро бо қироати шеъре аз Камоли Хуҷандӣ оғоз бахшид ва дар идома гуфт: исми осори шайх Камоли Хуҷандиро «қанди баста» мегузорем. Осори Камол мисли хони малоҳат аст, ки аз он ҳамвора баҳра мебардорем.
Дар маросими бузургдошт ҳамчунин раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон доктор Шабистарӣ, прафессор Фахриддин Насриддинов, Аҳмадҷони Раҳматзод, доктор Асғари Додбеҳ, устоди донишгоҳи Аллома Таботабоӣ, доктор Довуд Аминӣ, доктор Маҳдии Муҳаққиқ ва дигарон сухан гуфтанд.

Ноябрь 18, 2014 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд