Коҳиши даромади молии ширкати «Самсунг»

Ноябрь 5, 2014 16:06

Душанбе,05.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Шаби гузашта дар роҳи оҳани вилояти Сахалини Федератсияи Русия садама рух дод. Бар асари ҳодиса 1 нафар ба ҳалокат расида, 17 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Гуфта мешавад, ки қатораи мусофирбар аз шаҳраки Холмс ба самти шаҳраки Чехов ҳаракат  мекард. Мутахассисон сабаби садамаро дар ҷои ҳодиса  муайян мекунанд.
     Душанбе,05.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Субҳи имрӯз дар шаҳри Гардези вилояти Пактиёи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таркиш ба амал омад. Дар ин ҳодиса 3 нафар ба ҳалокат расида,  22  каси  дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Масъулияти ин ҳамларо то кунун ягон нафар ё гурӯҳ ба уҳда нагирифтааст. 
     Душанбе,05.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Дар шаҳри Нигерия террористон  ба як маҳбас ҳамла намуда, онро таркониданд, ки зимни он аз маҳбас 130 нафар зиндонӣ фирор намуд. Ва низ гуфта мешавад, ки бар асари таркиш 15 нафар аз аҳолии осоишта қурбон гардид. Ин амали террористиро гурӯҳи мусаллаҳи «Бока Ҳарам» бар  уҳда гирифтааст. 
    Душанбе,05.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Ширкати «Самсунг»-и Кореяи Ҷанубӣ дар хусуси коҳиш ёфтани даромади молии худ дар семоҳаи сеюм иттилоъ дода, иброз медорад, ки даромади молии ширкати «Самсунг» 20 дарсад коҳиш ёфтааст. Гуфта мешавад, ки  дар семоҳаи сеюм «Самсунг» ҳамагӣ 3 миллиард евро фоида дидааст. 
Душанбе,05.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Колумбия бар асари  боришоти боронҳои пай дар  пай  16 ҳазор аҳолии кишвар  зарар дидааст. Гуфтан ба маврид аст, ки  аз  сабаби боришоти зиёди борон  обхезии шадид ба қайд гирифта шуда, 12 нафар ба ҳалокат расид, ки ҳамаи онҳо бошандагони як минтақаи дурдасти кӯҳӣ мебошанд. Ҳукуматдорон бо назардошти хатарҳои навбатии эҳтимолӣ дар 125 нуқтаи аҳолинишин ҳолати фавқулода эълон намуданд. Ба гуфти ҳавосанҷон  боронгариҳо дар кишвар то охири моҳи равон идома хоҳанд ёфт.
 
 
 

Ноябрь 5, 2014 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад